No Result
View All Result
  • EnglishEnglish
РУССКИЙ БАННЕР
No Result
View All Result
ICNAST
No Result
View All Result

Фарҳанги з-он суи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ

admintj by admintj
02.02.2024
in Хабар
0
Фарҳанги з-он суи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ
0
SHARES
22
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мужда: аввалин фарҳанги з-онсуй дар фарҳангнигории тоҷик

Фарҳанги з-он суи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома”-и

Фирдавсӣ ва истифодаи он

Навиштани фарҳангҳои з-онсуй «аз он суй» дар дониши фарҳангнигорӣ
ва луғатшиносӣ як падидаи чандон нав нест ва аз ибтидои асри 20
фарҳангҳои з-онсуӣ зиёде, ки аксарияташон ба забонҳои аврупоӣ мебошанд,
ба вуҷуд омадаанд, навишта шудаанд ва мавриди таваҷҷуҳи одамоне қарор
гирифтанд, ки бо ин забонҳо ошно ҳастанд. Ҳарчанд забони тоҷикӣ-форсии
муосир то кунун аз чунин фарҳанг маҳрум будаст, аммо форсизабонон дар
тӯли садсолаҳо бо ин навъи таснифи вожаҳо ошно буданд. Бар асоси
далелҳои мавҷуд, яке аз қадимтарин луғатҳои з-онсу дар таърихи филология
ва луғатшиносӣ аз ҷониби шоир ва луғатшиноси бузурги забони тоҷикӣ-
форсӣ Асади Тусӣ мешад, ки дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ (нуҳуми мелодӣ) бо
унвони “Луғати фурс” 1 таълиф шудааст. Он ба унвони “Фарҳанги Асадӣ” низ
машҳур аст.
Тамоми осори адабии оламшумули тоҷику форс ба ҳамин равиши
таснифот тибқи алифбои форсӣ:

(الف ب ت ث ج ح خ د ر ز س ش ع غ ف ق ک ل م ن و ه ی)

нигориш шудааст. 3
Чунон ки маълум аст, дар луғатхои оддӣ калимаҳо аз руи алифбои
тоҷикӣ (а, б, в, г, ғ, д ва ғайра) тартиб дода шудаанд. Ин маънои онро дорад,
ки аз ду калимаи гуногун калимае, ки ҳарфи аввалаш ба ҳарфи аввали алифбо
(а) наздиктар аст, аввал меояд.
Чуноне ки дар мақолаи “Гоми азиме дар фарҳангнигории тоҷик”
таъкид шуд, фарҳангҳои бар пояи матни “Шоҳнома”-и даҳҷилдаи чопи
нашриёти “Адиб” сохташуда, ба як файли воҳид табдил гардонида шуд ва
ҳамаи луғатҳо мевофиқи алифбои тоҷикии кирилликасос таҳия шудаанд.
Фарҳанги з-онсӯи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ бо
ҳамин равиш тадвин шудааст. Вале як фарқияти тадвини ин луғат дар он буд,
ки пеш аз коркарди матни файли воҳиди “Шоҳнома” то ҷое, ки имкон дошт
исмҳои хос ҳазф шудаанд.
Фарҳанги з-онсӯи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома” аз 22942 мадхал ба
ҳамроҳи басомад иборат аст. Ин фарҳанг дар формати А5 дар ҳаҷми 394
сафҳа чоп гардидааст.
Сохтори хеле соддаи фарҳанги тоҷикии з-онсу имкон медиҳад, ки
муҳаққиқон ва ҳаводорон, бахусус шоирону дӯстдорони шеър дар

3

пажӯҳишҳои мухталиф аз он истифода кунанд. Аммо бояд таъкид кард, ки
баҳрабардорони асосии фарҳанги з-онсу забоншиносон ва бахусус
фарҳангшиносону луғатшиносон мебошанд. Ин фарҳанг барои ба даст
овардани пасвандҳои зиёди забон ва муайян кардани мувофиқати микдори
байни онҳо воситаи беҳамто мебошад. Бидуни чунин фарҳанг дақиқ муайян
кардан ғайриимкон аст, ки чанд вожа ва чӣ гуна бо ин ё он пасванд анҷом
ёфтааст.
Барои ин гуна пажуҳиш бояд аз нусхаи электронии Фарҳанги з-онсӯи
(чаппаи) вожагони “Шоҳнома” истифода кард. Дастури ҷустуҷуи як вожа ё
пасванд боистифода аз нармафзори марбут тамоми байтҳои шоҳидро
меоварад.
Агар аз нармафзори соддаи notepad++ истифода кунем, бояд
маконнаморо дар аввали матни кулли “Шоҳнома” ҷой дода дастури
ҷустуҷуро бо тугмаҳои “Ctrl + F” + “ягонвожа ё пасванд ”, дар сафҳакалид
тамоми мисраҳое дар онҳо ин вожа ё ин пасванди мавриди ҷустор ба намоиш
оварда мешаванд. Масалан, барои ёфтани тамоми мисраҳое ки пасванди
«манд»-ро доранд намоиш дода мешаванд )“Ctrl + F” + “манд”(. Дастгоҳ 52 мавриди истеъмоли пасванди “манд”-ро меоварад. Чанд намуна аз онҳо: Чунин гуфт, к-«ин номаи пандманд, Ба назди ду хуршеди гашта баланд. Яке нома бо лобаи дардманд, Набиштам ба наздики шоҳи баланд. Бифармуд, к-ӯро чунон арҷманд, Бидоред, к-аз дам наёбад газанд. Туро ҳам зи Ағрираси ҳушманд, Фузун нест хешиву пайванду банд Накардӣ касеро чу ман баҳраманд Зи ганҷу зи тахту зи номи баланд. Ҳам аз чорпову ҳам аз киштманд Аз эшон ба мо-бар чӣ моя газанд.: ва ё тамоми вожаҳое, ки бо «гоҳ» тамом мешавандро 218 бор мешуморад.
Чанд намуна:

4
Аз ин ҳар якеро яке пойгоҳ,
Сазовор бугзиду бинмуд роҳ.
Севу бист сол аз дари боргоҳ,
Пароканда гаштанд яксар сипоҳ.
Ба рӯзи нахустин яке базмгоҳ,
Бисозад, шуморо диҳад пешгоҳ.
Ман инак ба шабгир аз ин размгоҳ,
Сӯи шаҳри Эрон биронам сипоҳ.
Ба гумон меравад, мавридҳои имконпазири пажуҳиши вожагони
“Шоҳнома” бешумор ҳастанд. Барои собит шудани ин ақида танҳо як порчаи
кучак аз ибтидои ин фарҳангро мулоҳиза кунем, кофӣ аст:
ожада 11
зада 30
озада 5 а-да-зада-озада
нозада 1
зарозада 1
барзада 4
када 1
оташкада 35
Ин фарҳанг пажуҳиши сохтор ва таркиботи вожаҳоро дар “Шоҳнома”
осонтар месозад ва ба илова усулҳои қофиябандиро низ барҷаста нишон
медиҳад:
кирдгор – рӯзгор, Эронзамин – нигин, сим – бим, жиён – сиён, кирдгор
– рӯзгор, супурд – бибурд ва …
Ҳазорон мисолҳои дигарро барои дарёфти маънии каламоти Фарҳанги
з-онсуи вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ метавон аз вебгоҳҳои
истифодашуда ва дар поин оварда, истифода кард.

Манобеъи истифодашуда:

  1. https://persianpdf.com/book/ لغت فرس اسدی طوسی
  2. https://fa.wikipedia.org/wiki// لغت فرس
  3. Вебгоҳи www.termcom.tj
  4. Вебгоҳи https://vajehyab.com/
  5. Вебгоҳи https://ganjoor.net/

5

Шарипов Т.З. (Толиби Розӣ) ходими пешбари илмии озмоишгоҳи
компютерии Муассисаи давлатии иннонатсионии АМИТ

The Review

Previous Post

Президентский дворец

Next Post

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

admintj

admintj

Next Post
ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Stay Connected test

  • 23.9k Followers
  • 99 Subscribers
  • Trending
  • Comments
  • Latest
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

27.07.2023
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

В Таджикистане ускорили интернет

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Российские IT-компании займутся цифровизацией Душанбе

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Служба связи обещает снизить цены на интернет

0
СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17.02.2025
Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

17.02.2025

Recent News

Государственное научное учреждение Научно-исследовательский центр инновационных технологий Национальной академии наук Таджикистана

Новости

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025

Контакты

Адрес: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Айни 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj

Хабар

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj
  • Главная
  • КОНТАКТЫ
  • Лаборатория материаловедения
  • ЛАБОРАТОРИЯ ФАРМАЦЕВТИКИ И ЭКСПЕРИМЕНТАЛЬНОЙ МЕДИЦИНЫ
  • Маркетинговая лаборатория
  • НАУЧНЫЕ ЛАБОРАТОРИИ
  • НАУЧНЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ
  • О ЦЕНТРЕ
  • Структура

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

  • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ