Имрӯз (10.04.2025) дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи таҷлили “Рӯзи илми тоҷик” ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли технологияҳои рақамӣ» семинари илмӣ дар мавзуи “Рушд ва омӯзиши илмҳои дақиқ” баргузор гардид.
Дар ин рӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 48 дар н. Шоҳмансур (35-нафар) ба Марказ ташриф оварда ба дастовардҳои олимон ва бо озмоишгоҳҳо шинос шуданд. Дар суҳбати озод бо хонандагон олимони Марказ доир ба муҳиммияти омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханрони намуданд. Инчунин хонандагон дар семинари илмӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар семинари илмӣ Эшов Б.Б. доктори илмҳои техникӣ, дотсент, директори МТТИ АМИТ сухани ифтитоҳи намуда дар мавзуи “Маводшиносӣ. Имрӯз ва фардо”. Шарофова М.У. – доктори илмҳои тиббӣ, мудири озмоишгоҳи Фармасевтика ва пизишки таҷрибавӣ дар мавзуи “Олими бузурги Тоҷик машҳури ҷаҳон Абу Али ибни Сино». Аминова Н.А. – номзади илмҳои техникӣ, мудири озмоишгоҳи Маводшиносӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои физикию химиявии хӯлаи руҳ ЦАМСв4-1-2,5 бо металлҳои ишқорзаминӣ». Миршариф М. – номзади илмҳои техникӣ, ходими калони илмии озмоишгоҳи Маводшиносӣ дар мавзуи “Коркарди партовҳои полимери, мушкилот ва дурнамо баҳри истеҳсолот”. Гулов С.А. – ходими илмии озмоишгоҳи Технологияҳои компютерӣ дар мавзуи « Баррасӣ ва таҳлили рушди зеҳни сунъӣ ». Акрамзода Р. – ходими калони илмии озмоишгоҳи маводшиносӣ дар мавзуи «Асосҳои физикию химиявии коркарди маводи дорои бордори Тоҷикистон бо реагентҳои органикӣ ва кислотаи фосфорӣ». Раҳматуллоева Г.М. – ходими калони илмии озмоишгоҳи маводшиносӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои физикию химиявии хӯлаи АlTi 0.1% бо литий, натрий ва калий» Исломова М.Ш. – ходими илмии озмоишгоҳи Маркетинг ва ояндабинӣ, дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ”. баромад намуда ба семинар фазои илмӣ бахшиданд.
Дар ҷамъбасти ифтитоҳии семинар илмӣ роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ № 48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сипосномаи Марказ ва хонандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Добавить комментарий