Расулов Т.М. номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими калони илмии озмоишгоҳи маркетинг ва ояндабинии Муассисаи давалатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инновасионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Расули Ф. Т. ходими илмии озмоишгоҳи технологияи компютерӣ Муассисаи давалатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инновасионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМ – САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ҲАЁТАН МУҲИМ ДАР ТАҲКИМИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд.
Зимни ироаи Паём ба самтҳои асосии сиёсати ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи каломи шевои Пешвои муаззами миллат қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии онро дар ҷараёни зиндагӣ ҳар фарди бонангу номус бояд дар ҷодаи хеш ривоҷу равнақ бахшад.
Воқеан ҳам, Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа буда, кулли соҳаи хоҷагии халқи кишварро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пеш истодаро бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардои мамлакатро бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳони расонид.
Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад.
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷой дошта- сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди моллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳкати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар Паём низ ин нукта аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оѓоз меёбад ва ѓамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерўи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад” [3].
Вобаста ба афзоиши буҷети давлатӣ маблаѓгузории соҳаи маориф ва илм дар баробари дигар бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад. Соли 2022 маблаѓгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблаѓгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 484 баробар зиёд мебошад.
Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта мешавад. Масалан, дар соли 2012 музди кори онҳо, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо, барои пиронсолону кўдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи илм 30, фарҳанг ва стипендияи донишҷўён 50 фоиз зиёд гардид [4, 156]. Солҳои минбаъда низ мунтазам маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта шуда, аз ҷумла – аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 40 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 40 фоиз зиёд карда шавад;
Илм.
Дар Тоҷикистон пас аз соҳибихтиёрӣ аз соли 1991 то соли 2000 бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва вобаста ба он кам будани Шўрои дифоъ аз рўйи ихтисосҳо, ночиз будани стипендияи аспирантону докторантҳо, фарсудашавии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо, адабиёти нав аз рўйи ихтисос, набудани китобхонаҳои электронӣ ва ба шабакаи интернет пайваст набудани китобхонаҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ, нарасидани маблаѓ барои сафарҳои хизматӣ ва ѓайра омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ба таълифи рисолаҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Рушду нумуи илм дар ҷумҳурӣ асосан баъд аз соли 2000-ум беҳтар гардид. Ба пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомнома дар бораи тартиби додани унвонҳои илмӣ ба кормандони муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (соли 2006), «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (18.03.2015, №1197) ва ѓайра мусоидат кард. Ҳукумати кишвар ба маблаѓгузории корҳои илмию тадқиқотии фармоишӣ дар ин солҳо бештар аҳамият дод. Масалан, агар дар соли 2001 – 32829 ҳазор сомонӣ ва соли 2005 – 241 298 ҳазор сомонӣ барои корҳои фармоишии илмӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 бо ин мақсад 1 611 203 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Сафи унвондорон дар соли таҳсили 2010-2011 нисбат ба соли 1991-1992 зиёд гардид (номзади илм аз 1835 ба 2073 нафар расид, ки 88 % зиёдтар аст ва доктори илм аз 226 то 493 нафар афзуд, ки 46 % зиёд буд). Тавассути ин неруи илмии муассисаҳои соҳаи маориф рўй ба беҳбудӣ овард.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – маркази асосии илми мамлакат қариб даҳ ҳазор корҳои илмӣ, аз ҷумла қариб 1200 китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва монанди ин ба табъ расонида шуд. Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин натиҷаи илмро дастгирӣ намудани Ҳукумат ва шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ барои ихтироот беш аз 200 патент ба даст оварда шуд.
Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот, рўз ба рўз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд, солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид.
Яке аз дастоварди муҳими соҳаи илм таъсиси “Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шумор меравад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расидааст. Дар даврае, ки Тоҷикистон дар фазои истиқлолияти комил қадамҳои устувор мегузошт, аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ-техникии тахассуси олӣ ягона самте буд, ки ҳанўз ҳам аз дигар кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия, вобаста буд. Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона мустақилияти кишварро дар ин ҷода низ таъмин намуданд. Аксари ҷавононе, ки роҳи ноҳамвори илмро интихоб кардаанд, аз ин иқдоми наҷибонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат гарм истиқбол карда, арзи сипос менамоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардон нагашта, дар Ватани худ диссертатсия ҳимоя карда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гарданд.
Зеро фаъолияти омўзгор бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнию асабӣ алоқаманд ва вазнину сангин буда, бинобар мушкилоти иқтисодиву молиявии кишвар ба таври бояду шояд пардохт карда намешавад ва аз ин рў на ҳар кас дар ҷомеа ин масъулиятро мехоҳад ба зимма гирад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз соли 2013 нахустин бор ба мақоми омўзгор боби алоҳида бахшида шуд ва дар Паёми соли 2014 Пешвои миллат иброз доштанд, ки тибқи ин қонун ба омўзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудааст ва аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб намуданд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд. Он ҷо ҳамчунин таъқид намуда буданд, ки мо минбаъд низ барои баланд бардоштани мақому манзалати омўзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро омўзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо кормандони соҳаро рўҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи илм ва таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Илму маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷўён, омўзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кўшиш ба харҷ диҳем.
Таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қаноатмандӣ ва ташаббусҳои созандаи мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ва бонувони саодатманду ватандўст, боиси сарфарозист.
Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳар гиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шарҳвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу ному ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ бо саъю талош ва кўшишу ѓайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовори хешро мегузорем. Дар ин замина мо кормандони соҳаи илм низ аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рўҳу илҳоми тоза гирифта, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, нуктаҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим баёнгаштаро дар амал ҷорӣ намоем ва бад ин васила дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳм гузорем.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо таѓйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 136 с.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника». Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 18.03.2015, №1197 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон». Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 20.04.2021, №1780 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 4, мод. 200
- Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 15 апрели соли 2021 // Ҷумҳурият (Санаи нашр: 16.04.2021, №: 76) http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43887 (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022)
- Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007–2015 (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2011, № 114 тасдиқ шудааст) https://maorif.tj/storage/Dokument’s/Barnomaho/e89c2f0737997eb44fc36d381afe88b7.pdf (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022)
- Аламшозода А.А. Рисолати маорифпарварии Пешвои миллат // Ҷумҳурият (Санаи нашр: 18.25.10.2022, №: 199-204) http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47628 (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022)
- Раҳимӣ Ф. ва дигарон. Тафсири Низомномаи ҷумҳуриявии «Илм – фурўѓи маърифат» ва талаботи он. –Душанбе: МН Дониш, 2021. -204 с.
- Сайти расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон // https://anrt.tj/tj/dar-borai-akademiya/ma-lumoti-ta-rikh