Имрӯз 24.11.2023 сол дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мувофиқи нақша чорабиниҳои Марказ Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ҷашн гирифта шуд.
24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 Парчами давлатӣ дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шудааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон бори нахуст 30 августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр (қаблан Ҷумҳурии Озарбойҷон бо доштани парчами 162- метра бо унвони баландтарин парчам дар ҷаҳон сабт шуда буд) бардошта шуд.
Мутобиқи Конститутсияи Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад.
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати мо ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад! Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!