No Result
View All Result
  • EnglishEnglish
РУССКИЙ БАННЕР
No Result
View All Result
ICNAST
No Result
View All Result

23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Rakhimov Firuz by Rakhimov Firuz
17.02.2025
in Новости
0
23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аз таъсиси артиши миллӣ 32 сол пур мешавад, ки он зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон воқеъа ва руйдодҳое ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба сиёсати давлатии мо такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 90-92 раванди тезутундшавӣ вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор гирифта буд.

Дар ин давраи бисёр ҳам ҳассос ҳарбиён кам ба назар мерасиданд ҳама мустақил шуда буданд ҳар кас дар маҳалу деҳи худ ҳукумронӣ мекарданд. Вазъият он чунон бад шуда буд, ки гурӯҳҳои мухолифин шахсони ҳарбӣ ва рутбадорҳоро дастгир намуда ба қатл мерасонданд. Яке аз омилҳои пароканда гаштани низомиёни кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз фишору қатли бераҳмонаи гурӯҳҳои мухолифин маҳсуб меёбад.

Бо талошҳову заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра сурат гирифта,  дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудагӣи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба халқ ва Ватани маҳбуби хеш содиқона хизмат мекунанд.

Дар ҳамин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд. Чун дар даврони интихоб гаштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳое буданд, ки зид мебаромаданд, аммо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Дар ҳамин замина 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ,ҳимояи марзҳои Ватан безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистт, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории тарансмилӣ ва хумуш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали навсозиву таҷдид гардонидани шароити хуби артиши миллӣ дар баробари вуҷуд доштани буҳрони иқтисодиву молиявӣ барои таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.

Ҳамин тавр миллати тоҷик он рӯзҳои душворро паси сар намуд, миллат сарҷамъ гардид, фазои сулҳу субот дар кишвар ҳукумрон шуд, артиши миллӣ рушд намуда қудратманд гардид. Имрӯз аз лаҳзаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32- сол пур гардид. Артиши миллии мо бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароит ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ муҷаҳаз гардида пурқудрат гардидааст. Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбият менамояд.

Ходимони калони илмии МД Маркази таҳқиқоти

 технологияҳои инноватсионии АМИТ

Акрамзода Рустами Ҷурахон

Исмоилов Ризо Аҳмадович

Миршариф Маҷиди

Previous Post

Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Next Post

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

Rakhimov Firuz

Rakhimov Firuz

Next Post
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Stay Connected test

  • 23.9k Followers
  • 99 Subscribers
  • Trending
  • Comments
  • Latest
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

27.07.2023
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

В Таджикистане ускорили интернет

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Российские IT-компании займутся цифровизацией Душанбе

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Служба связи обещает снизить цены на интернет

0
СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17.02.2025
Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

17.02.2025

Recent News

Государственное научное учреждение Научно-исследовательский центр инновационных технологий Национальной академии наук Таджикистана

Новости

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025

Контакты

Адрес: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Айни 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj

Хабар

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj
  • Главная
  • КОНТАКТЫ
  • Лаборатория материаловедения
  • ЛАБОРАТОРИЯ ФАРМАЦЕВТИКИ И ЭКСПЕРИМЕНТАЛЬНОЙ МЕДИЦИНЫ
  • Маркетинговая лаборатория
  • НАУЧНЫЕ ЛАБОРАТОРИИ
  • НАУЧНЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ
  • О ЦЕНТРЕ
  • Структура

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

  • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ