No Result
View All Result
  • EnglishEnglish
РУССКИЙ БАННЕР
No Result
View All Result
ICNAST
No Result
View All Result

ТОҶИКИСТОН ШУҲРАТЁР ГАРДИДААСТ

admintj by admintj
16.11.2023
in Хабар
0
ТОҶИКИСТОН ШУҲРАТЁР ГАРДИДААСТ
0
SHARES
3
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба муносибати  иди Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН  ШУҲРАТЁР  ГАРДИДААСТ

Ҷавониро фидо кардам,  диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки  ҷонаш дар амон бошад.

 Ин мисраъҳои самимӣ ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд ва шуҷоати беамсоли Сарвари давлатро дар ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон инъикос менамоянд. Дар он рӯзҳои тираи ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сатҳи олии кишвар барои хомӯш кардани алангаи ҷанги бародаркуш, ки аз ҷониби душманони хориҷӣ таҳмил шуда буд, ҷаҳду талош намуд. Хаёти худро дар хатар гузошта, ба Афғонистон  рафт, то ки бо роҳбарони мухолифин масъалаи хотима додани ҷанги хонумонсӯз, таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат, ба Тоҷикистон баргардонидани бештар аз 1 миллион фирориёнро баррасӣ ва ҳал намояд. Ниҳоят, соли 1997 дар натиҷаи заҳматҳои зиёди фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ  Раҳмон  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ ба имзо расид ва дар осмони софи диёри биҳиштосои мо – Тоҷикистон офтоби сулҳу ваҳдат нурафшон гардид. 

 Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони шевои тоҷикӣ дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои ноором, кишварҳои ҷангзада, ҳамкориҳои самаррабахши мардуми сайёра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист, таъминот бо оби тоза, пешгирии обшавии пиряхҳо ва ғайра баланд садо медиҳанд ва мардуми ҷаҳон бо рӯҳбаландии зиёд ташаббусҳои оқилона ва пайгиронаю бунёдкоронаи Сарвари давлати тоҷиконро маъқул медонанд. Дар тӯли солҳои зиёд СММ дар бораи татбиқи ин ташаббусҳои зикршуда қарорҳои зиёде қабул намудааст, ки онҳо ба дар амал татбиқ ёфта истодаанд. 

 Мо, насли калонсол, ки  гармию сардиҳои рӯзгорро бисёр дидаем ва ба кишварҳои зиёде сафар кардаем, мунтазам шуҳрату манзалати  Тоҷикистонро дар гузашта ва давраи ҳозира қиёс мекунем. Дар хотирам  ҳаст, ки солҳои 1974-1976 ҳангоми дар Эрон кор карданам эрониҳо аз ман мепурсиданд, ки аз куҷо ҳастам. 

 — Ман аз Тоҷикистон ҳастам – мегуфтам ба онҳо. 

Онҳо ҳатто мавқеи ҷойгиршавии кишвари моро намедонистанд ва фикр мекарданд, ки Тоҷикистон тақрибан дар наздикии Гурҷистон аст. 

ҳоло ҳар як эронӣ Тоҷикистони азизи моро хуб медонад. Бародарони эронӣ ба ҳайси мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар радифи аввалин сармоягузорони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар бунёди муҳимтарин иншоотҳои мамлакати мо, аз қабили нақби «Истиқлол», нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда 2», нурӯгоҳи азими «Роғун», роҳҳои бузурги автомобилгард ба Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд ва ин иқдоми некро идома медиҳанд. 

Соли 2011 ҳангоми ширкат дар конфоронси СММ доир ба «иқтисоди сабз» дар Кореяи ҷанубӣ  мо бо намояндагони Япония ҳамсуҳбат шудем. Чун онҳо фаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистон ҳастем, бо хушҳолӣ гуфтанд, ки Тоҷикистон, Президенти он Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд. Мо аз ин мулоқот хеле хурсанд ва ифтихорманд шудем, чунки намояндагони яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки аз мо ҳазорҳо километр дур ҳастанд, дар бораи мамлакати мо, сарвари он тасаввуроти хуб ва таассуроти нек доранд.

16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳама — пиру ҷавон, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббат саршор ба раҳбари хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд. Ин ҷашни фархунда ва пояндаро ба кулли мардуми кишвар ва тамоми тоҷикони  рӯйи ҷаҳон табрику муборакбод мегӯем. 

Гафур Расулов,

номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири озмоишгоҳи маркетинг ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Акедемияи милии илмҳои Тоҷикистон.

The Review

Previous Post

Президентский дворец

Next Post

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

admintj

admintj

Next Post
ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Stay Connected test

  • 23.9k Followers
  • 99 Subscribers
  • Trending
  • Comments
  • Latest
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

27.07.2023
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

В Таджикистане ускорили интернет

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Российские IT-компании займутся цифровизацией Душанбе

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Служба связи обещает снизить цены на интернет

0
СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17.02.2025
Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

17.02.2025

Recent News

Государственное научное учреждение Научно-исследовательский центр инновационных технологий Национальной академии наук Таджикистана

Новости

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025

Контакты

Адрес: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Айни 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj

Хабар

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj
  • Главная
  • КОНТАКТЫ
  • Лаборатория материаловедения
  • ЛАБОРАТОРИЯ ФАРМАЦЕВТИКИ И ЭКСПЕРИМЕНТАЛЬНОЙ МЕДИЦИНЫ
  • Маркетинговая лаборатория
  • НАУЧНЫЕ ЛАБОРАТОРИИ
  • НАУЧНЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ
  • О ЦЕНТРЕ
  • Структура

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

  • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ