No Result
View All Result
  • EnglishEnglish
РУССКИЙ БАННЕР
No Result
View All Result
ICNAST
No Result
View All Result

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

Rakhimov Firuz by Rakhimov Firuz
16.01.2025
in Новости
0
0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

15 январи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки олимону пажуҳишгарони ду кишвар баргузор гардид.

Дар кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи олимону пажуҳишгарони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабонро ба академия хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки солҳои охир густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ёфтаанд. Маҳз ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту ҳамзабон аз сиёсати дӯстонаи роҳбарони ду кишвар сарчашма мегирад.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин ҳамкориҳо олимону пажуҳишҳгарони ду кишвари ҳамзабон пайваста дар якҷоягӣ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, таъриху фарҳанги бою ғании хешро зинда нигоҳ доштаанд. Ҳамин аст, ки осори пурмуҳтавои олимону бузургони тоҷику форс аз қадим миёни оламиён машҳур гардида, дар миёни ҳаводорони шеъру адаб ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳарду ворисони аслии Абуабдуллоҳи Рудакӣ ва Фирдавсии Тусӣ ба ҳам омада, баҳри тақвиат бахшидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои илмӣ дар форум иштирок намуданд.

Дар идомаи Форум мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноии дастӣ Саидризо Солеҳ Амирӣ ва дигар пажуҳишгарон суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Форум таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани нерӯи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқотӣ илмӣ дар доираи як платформа мебошад.

Инчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани равобитҳои илмию таҳқиқотии олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар Форум масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самаранокии илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ушди таҳқиқоти илмӣ бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки мо дар оянда бояд дар масъалаҳои ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшем.

Дар идома олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маърӯза намуда, оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии ҷонибҳо суханронӣ намуданд.

Previous Post

ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

Next Post

БАРДОШТ АЗ ПАЁМДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

Rakhimov Firuz

Rakhimov Firuz

Next Post
БАРДОШТ АЗ ПАЁМДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

БАРДОШТ АЗ ПАЁМДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Stay Connected test

  • 23.9k Followers
  • 99 Subscribers
  • Trending
  • Comments
  • Latest
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

27.07.2023
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

В Таджикистане ускорили интернет

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Таджикистане освободили от уплаты налогов и таможенных пошлин электромобилей

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Российские IT-компании займутся цифровизацией Душанбе

0
Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд шуд

Служба связи обещает снизить цены на интернет

0
СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025
ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

19.03.2025
23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 – ФЕВРВЛ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17.02.2025
Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

17.02.2025

Recent News

Государственное научное учреждение Научно-исследовательский центр инновационных технологий Национальной академии наук Таджикистана

Новости

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АМИТ

10.04.2025

Контакты

Адрес: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Айни 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj

Хабар

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/3
Тел: (+992 37) 2 25-80-91
E-mail: info@innovationan.tj
  • Главная
  • КОНТАКТЫ
  • Лаборатория материаловедения
  • ЛАБОРАТОРИЯ ФАРМАЦЕВТИКИ И ЭКСПЕРИМЕНТАЛЬНОЙ МЕДИЦИНЫ
  • Маркетинговая лаборатория
  • НАУЧНЫЕ ЛАБОРАТОРИИ
  • НАУЧНЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ
  • О ЦЕНТРЕ
  • Структура

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

  • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ